Кафо
  • Хоҷа Оби Гарм

    Яке аз осоишгоҳҳои кӯҳнатарини Тоҷикистон аст

  • Шоҳамбарӣ

    Дар ҳамин ҷо шумо остеохондрози худатонро муолиҷа кардан...

  • Сароб

    ... Аммо ҳамин ҷо нағз истироҳат кардан метавонед

  • Баҳористон

    Ва ин ҷо ҳам

  • Шифо

    Истироҳати дар соҳили обанбори Қайроққум

  • Искандаркӯл

    Ин кӯлро дида, дар зери таъсири фаромӯшнашаванда мешавед

Ба пеш

 


   

 


Оби Гарм

Сад километр ба шарқ аз шаҳри Душанбе ба қади чапи дарёчаи кӯҳӣ "Оби-Элок", ки шохаи дарёи Вахш аст, даҳҳои чашмаҳои оби маъдании гарм ҳастанд. Дар асоси яке аз ин чашмаҳо осоишгоҳи "Оби Гарм" кор мекунад.

Омӯхтани хусусиятҳои табиию иқлими он чашмаҳо дар соли 1931 сар шуд. Аввалин бор геологи Курнигин В.В. онҳоро тавсиф кард.

Оби маъданӣ ишқордору силитсий аст. Ҳарораташ аз 40 то 48 градус.

Осоишгоҳи "Оби Гарм" дар баландии 1300 метр ва барои табобати бемориҳои гуногун шароитҳои иқлимии хуб дорад.

Курорт 200 ҷой ба ҳисоб мегирад ва ду иморати хоб, ошхона, клуб, беморхона ва ҳаммом дорад.

Муолиҷа: ваннаҳо, ҳавз, души даврагӣ, обёрии гинекологӣ, кашидабарории зериобӣ, терапияи парафинӣ, масҳи дастӣ.

Аломатҳо:

  • бемориҳои системаи асаб (льомбальгия, ишиас, полиневрит, плекситҳо, полирадикулитҳо, невритҳо);
  • бемориҳои системаи вегетативии ғайримарказии асабҳо, захми асабҳо;
  • бемориҳои гинекологӣ (сальпингофарити давомнок, парометрити давомнок, илтиҳоқи устухонҳои кос, заъфи функсионалии тухмдон, бефарзандӣ);
  • бемориҳои пӯст (экзема, псориаз);
  • бемориҳои узвҳои такягоҳу ҳаракат (артрит, артроз, синдилоартроз, остеохондроз).