Назад
  • Слайд номер один

  • Слайд номер два

  • Слайд номер три

  • Слайд номер четыре

Вперед

 


   

 


Сароб

«Сароб» дар дараи баландкӯҳи хушманзараи Варзоб дар баландии 1900 метр нисбати сатҳи баҳр ҷойгир аст. Комплекс аз соли 2003 кор мекунад, 23 ҳуҷраи бароҳати 2, 3 ва 4 нафарӣ (эконом-класс, ними люкс, люкс) дорад. Ҳар ҳуҷра шифти баланд ва дизайни беҳтарин, кат, телевизор, яхдон дорад.

Дар тарабхона табақҳои миллии тоҷикӣ ва аврупоиро ба шумо таклиф мекунанд. Комплекси «Сароб» барои гузарондани чорабиниҳои гуногун имконият дорад: конференсия, семинар, пешвозгирии расмӣ, ва ҳам комплекси хизматҳо барои истироҳату муолиҷа: толори дастгоҳи машқ, бильярд, тениси руимизӣ, толори кино, ҳавзи оббозӣ, дӯкони кабобпазӣ, нимкатҳо барои сиёҳишавӣ, майдончаи кӯдакон ва хонаи бозӣ. Комплекси меҳмонхонаю тандурустии «Сароб» гармобшиносӣ аст, як қатори муолиҷаҳои табобатию тандурустӣ дорад: буғи радондор, ҳавзи радондор, ваннаҳои радондор, души даврагӣ, души Шарко, обёрии рӯда, обёрии гинекологӣ, лои шифоӣ, парафин, озокерит, ваннаҳои рӯшноӣ, дарсонваль, электрофорез, афканишоти ультрабунавш, масҳи сутунмӯҳраи «Армед», масҳи ларзиш, масҳи дастӣ, росткунии сутунмӯҳра. Ғайр аз ин хизматҳои сартарош, шустани мошинҳо, бағочхона, китобхона, минимаркет, фитотерапия, масҷид.

Аз фурӯдгоҳ роҳ як соат вақт мегирад.